Зиёдулло Шаҳидӣ

0
38
Зиёдулло Шаҳидӣ

Осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқии Зиёдулло Шаҳиди (1914-1985) соли 1987 бо ташаббуси ҳамсари бастакор ва духтарашон дар хонаи шахсиашон таъсис дода шуд ва бо қарори махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Дар тӯли зиёда ба сӣ соли истиқомат дар ин манзил оҳангсози машҳур асарҳои беҳтарини хешро эҷод намудааст, ки онҳо дар сарчашмаи муҳими ташаккули фарҳанги муосири Тоҷикистон гардиданд.

Зиёдулло Шаҳидӣ (1914-1985) дар шаҳри Самарқанд ба дунё омада ба воя расидааст. Дар овони кӯдаки навохтани чандин асбоби анъанавии мусиқӣ ба монанди най, дутор, танбӯр ва ғайраро ба хубӣ аз худ намуда буд. Дар айёми ҷавонӣ мухлиси аввалин театри тоҷик дар Самарқанд гашта, баъдтар дар маҳфилҳои мусиқии Ҳоҷӣ Абдул Азиз ва баъдан, Н.Н Миронов ва А. М. Листопадов маърифати мусиқии муосирро мебардорад.

Соли 1932 Зиёдулло Шаҳидӣ ба Душанбе меояд, ки он замон маркази нави ташаккулёбандаи фарҳанги муосир гашта буд. Душанбе ҳамчун шаҳри ҷавон ва инкишофёбанда, ҷавонони зиёди ҷӯяндаро аз ҳамаи гӯшаи канорҳои Осиёи Марказӣ, Қавқоз, Русия ба худ ҷалб мекард. Ба ин ҷо рӯзноманигорону нависандагон аз Аврупо низ меомаданд. Шаҳри ҷавон бо фазои озод барои изҳори озодонаи ақидаи хеш диққатҷалбкунанда буд ва ин ҷавонони боистеъдод симоҳои асосии фарҳанги муосири тоҷик гардиданд. Дар синни 25-30 солагӣ Зиёдулло Шаҳидӣ навозандаи машҳур ва офарандаи сурудҳои нави тоҷикӣ мегардад. Соли 1939 Зиёдулло Шаҳидӣ ба Марҳабо, духтари Нӯъмон-Хӯҷа издивоҷ мекунад ва тӯли зиндагии пурбаракаташон онҳо соҳиби панҷ фарзанд мегарданд.

Соли 1937 падараш Муқаддасхон Шаҳидӣ аз тарафи НКВД ҳабс шуда, соли 1938 ба қатл расонида мешавад. Муносибати доираҳои сиёсии расмӣ ба шахсияти Зиёдулло Шаҳидӣ дуранга гашт. Роҳбарияти ҳизбӣ мутаҳайир шуд: аз як тараф писари “душмани халқ”, аз тарафи дигар оҳангсози пурмаҳсул. Дертар ӯ яке аз аввалин хатмкунандагони консерваторияи Москваи ба номи П. Чайковский мегардад. Барои худи оҳангсоз мусиқӣ ватане буд, ки дар он ӯ ҳама ҳаёту ҳам бахту ҳам ишқро меёфт.

Дар солҳои шастум аввалин операи миллии “Комде ва Мадан” рӯи саҳна омад, ки қаҳрамони асосии он – Мадан – андешаҳои муаллифи операро низ ифода менамояд. Ҳофизи хушсадо аз Моварроуннаҳр, ки ошиқи раққосаи ҳиндӣ – Комде буд, чунин месуруд:

Ошиқи ҳусну санъатастам ман,

Сар ба пои ҳар нобакор нанҳам.

Назди ин гунна пурҳунар дилбар,

Чист қадри ҳамоилу зар?

Чунин даъвоҳои озодихоҳонаи қаҳрамонҳои асар, албатта ба муаллиф мукофотҳои давлатӣ оварда наметавонистанд.

Барои ҳамин, Осорхонаи фарҳани мусиқии Зиёдулло Шаҳидӣ аз фурсат истифода намуда, баҳри дар воқеияти баъдишӯравӣ дастрасии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидани дастовардҳои ғояҳои “пӯшидаи” замони шӯравӣ кӯшиш мекунад. Асоси ин фаъолиятро санъат ва идеяҳои Зиёдулло Шаҳидӣ зиёда аз 300 сурудҳо, даҳҳо романсҳо ва сюитаҳо, операҳои мусиқӣ барои театр ва кино ташкил медиҳанд.

Зиёдулло Шаҳидӣ – оҳангсоз ва шоир-устоди хуб ҳам буд. Истеъдоди омӯзгории оҳангсоз натанҳо дар бунёди мактаби нави оҳангсозӣ, ки дар нуктаи ба ҳам омадани классикаи тоҷику аврупоӣ ташаккул меёфт, балки дар ташаккули овохонии нави миллӣ, ки бо номҳои Ҳоҷӣ Аҳмадов, Аҳмад Бобоқулов, Ҳанифа Мавлонова, Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷонова, Муқаддас Набиева – овозхонони маъруфи жанри сурудхонии миллӣ, опера ва эстрадӣ низ таҷассум меёфт. Санъат ва эҷодиёти ӯро Л. Назарова, Е. Орлова, В. Иванова ва бисёр дигар мусиқишиносон омӯтаанд, вале барои мусиқишиносоне, ки аз забони шеърияти форсӣ-тоҷикӣ фориғанж, дарки ҳаматарафаи фалсафии мусиқии бастакор имконнопазир буд.

Зиёдулло Шаҳидӣ солҳои зиёд Иттиҳоди оҳангсозони Тоҷикистонро сарварӣ намудааст ва рисолати хешро ҳамчун сарвар дар тавсеи робитаҳои байналмиллалии мактаби оҳангсозии миллӣ медид. Хайрулло Абдуллоев оҳангсози замони мо чунин мешуморад, ки ҳамаи оҳангсозони Тоҷикистон ба андозаи мухталиф аз таъсири эҷодиёти Зиёдулло Шаҳидӣ баҳраманд гаштаанд.

Вале эҷодиёти ӯ дар чаҳорсӯбаи миллӣ маҳдуд набуд. Тихон Хреников, оҳангсози руси замони шӯравӣ ва баъд аз шӯравӣ навистааст, ки Зиёдулло Шаҳидӣ дар ташаккули робитаҳои байналмилалии мактаби оҳангсозони замони шӯравӣ хизмати зиёде кардааст. Карен Хачатурян, оҳангсози арманӣ, бастакори тоҷикро ҳамчун донандаи нозук ва қадрдони мусиқии “дигарон” арзёбӣ намуда, маҳорати ӯро дар хеле боназокатона истифода намудани оҳангҳои арманӣ дар мусиқии тоҷикӣ қайд кардааст.

Зиёдулло Шаҳидӣ бо бисёг дирижёрҳои замони хеш, аз қабили Генадий Рождественский, Максим Шостакович, Эдуард Айрапетянс ва Ибодулло Абдуллоев ҳамкорӣ мекард. Асарҳои вай ҳоло ҳам дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ зери роҳбарии дирижёр Беҳрон Меҳробов иҷро карда мешаванд. Вале тӯли умри бобаракаташ дар муносибатҳои оҳангсоз бо роҳбарияти соҳаи фарҳанг сардӣ эҳсос мешуд.

Елена Орлова тадқиқотчии эҷодиёти оҳангсоз ва муаллифи китоби “Зиёдулло Шаҳидӣ”, ки соли 1986 дар Маскав аз чоп баромад, сабаби ин сардиро дар китоб муайян намекунад. Вале хуб медонад, ки сабаб дар найрангбозии маҳаллӣ, маҳалгароӣ ва вобастагии томи иқтисодӣ аз ҳукуматдорон буд. Дар мактубҳои Е. Орлова, ки дар бойгонии осорхона маҳфузанд, мусиқашинос бо ҳайрат ва таассуф дар ҷодаи баъзе аз онҳо, ки ӯ дар вақти кораш рӯ ба рӯ шуд, менависад.