Соли 2001, ки аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид соли гуфтугӯи тамаддунҳо эълон шудааст, ба барномаҳои ЮНЕСКО дурахши тозае бахшид. Арзиши ин навовариҳо аз созмон додани пайванди шаклҳои гуногуни худшиносӣ ва дарки мероси тамаддуни умумиҷаҳонӣ ҳамчун маҳсули ҳамкорӣ ва таъсири мутақобилаи халқҳо, миллатҳо ва фарҳангҳои мухталифи ҷаҳони имрӯз, иборат аст.

Мувофиқи ин барнома, чӣ дар Осиёи Марказӣ ва чӣ дар кишварҳои дигари дунё, семинару конфронсҳо ва мулоқоти донишмандон ва аҳли ҳунар бахшида ба гуфтугӯи фарҳангҳо, гуногунрангии фарҳанги ҷаҳонӣ ва таҳаммули ҳамдигарии тамаддунҳо баргузор мегарданд.

Бунёди байналмилалии фарҳангии Зиёдулло Шаҳидӣ дар як қатор аз ин гуна чорабиниҳо иштирок намуда, аввал узви Институти байналмилалии омӯзиши Осиёи Марказӣ дар шаҳри Самарқанд (сентябри 2001) ва сипас узви ҳалқаи “коршиносони омӯзиши робитаҳои байнифарҳангӣ шуд. Конфронси байналмилалии пажӯҳишгарони робитаҳои байнифарҳангӣ 15-17 ноябри 2001 дар шаҳри Барселонаи Испания баргузор гардид.

Мутахассисон ба баррасии ғоя ва таълимоти омӯзиши робитаҳои байнифарҳангӣ назар андохта, равандҳои нави ҷаҳонӣ ва таълимотҳои мухталифи ҷаҳонро муҳокима намуданд. Консепсияе, ки мутахассисонро ба ҳам оварда буд, иборат аст аз муайян намудани қолибҳои кӯҳнашудаи фарҳанг (стереотип) ва дарки дурнамои нави ҳамкориҳои ҳаматарафа дар ҷаҳони имрӯз.

Яке аз қолабҳои маъмулӣ, ки дар қарни гузашта садди роҳи инкишофи фарҳанги дунё ва робитаҳои байнифарҳангӣ гардидааст, миллигароии мутлақ
буда, ҳамчун падидаи асри гузашта ваколати худро буд кардааст. Рафъи ин қолаб ба воситаи ҳамкориву таҳаммул ва эътирофи гуногунрангии фарҳангӣ, асоси инкишофи фарҳанги сулҳ мебошад, имконпазир аст.

Мутаассифона, вазъи робитаҳои байнифарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ ба дараҷаи матлуб нест ва беҳбудиро мехоҳад. Сарфи назар аз он ки истиқлолият ва муносибатҳои бозорӣ ба инкишофи имконоти минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад, парешонӣ ва ҷудоии дохилӣ мушкили асосии ҳамаи панҷ кишвари минтақа мебошад. Бояд эътироф кард, ки ҳалли он, яъне ба ҳам фаъол ва бофаросати ҷомеаи осиёимарказӣ, барои паст
фақат дар минтақа, балки дар сатҳи урупоосиёӣ ва, бештар мусоидат хоҳад кард.

Гап дар сари он аст, ки дар тӯли асрҳо Осиёи Миёна пайвандгари фарҳангҳо ё ҷаҳонӣ буд. Аз доираи муносибатҳои ҷадид берун баровардани ин минтақа ба созмон ёфтани ду муҳити ба ҳам мухолиф: Шарқу Ғарб боис гардид. Ҳарчандназари ҷомеъ ба олам дар Асрҳои Миёна дар ҳамин минтақа ба вуҷуд омада буд, ин назар дар замони муосир хеле маҳдуд карда шуд.

Таҷдиди назар ба натиҷаҳои зӯран дар инҳисор карор додани назари ҷомеъ ба олам яке аз вазифаҳои муштараки аҳли илми ҷаҳони имрӯз ба шумор меравад. Вале нерӯи илмӣ-фарҳангии минтақа бо сабаби парешонии дохилии хеш, ҳанӯз аз доираи ин гуна тадқиқоти аҳли илми ҷаҳонӣ берун аст. Агарчи раванди ҳамкории аҳли солимфикри илму фарҳанг дар минтака аз ҳаётӣ будани фарҳанги мумтози Осиёи Марказӣ гувоҳӣ медиҳад, вале ташаннуҷи дохилӣ ва омилҳои хориҷӣ, ки яке аз онҳо «қазияи Афғонистон» мебошад, имкон намедиҳад, ки он дар сатҳи нав эҳё гардад. Ин ду қазия дар майдони бузурги сиёсат ба ҳар гуна навъе бозӣ доронда мешавад.

Ҳадафи аслии маҷаллаи Фонус мусоидат ба ҷараёни ба ҳам омадани нерӯҳои ақлонии (интеллектуалии) минтақа ва роҳнамоии онҳо ба фазои умумиҷаҳонӣ мебошад. Дар ин шумора мо намунаи чанде аз тадқиқоти навро дар бораи мубрамтарин мушкилоти замони муосир ба хонандагони гиромӣ пешкаш менамоем. Мо дар қатори масъалаҳои доғи сиёсӣ, экологӣ ва ҷинсшиносию ҳуқуқӣ ба баёни афкори адабӣ, яъне ба адабиёт, мусиқӣ, рассомӣ ва меъмории мардуми Осиёи Марказӣ низ диққати ҷиддӣ медиҳем. Вале бояд қайд кард, ки манфиатҳои иқтисодии ҳадафманди кишварҳои соҳибқудрат инкишофи минбаъдаи чӣ сохторҳои дохилифарҳангии кишварҳои ҷудогона ва чӣ робитаҳои байнифарҳангӣ дар минтақаро душвор мегардонад.

Ниҳоят, мо бо истифода аз фурсати муносиб ба Ҳукумати Шветсария ва Сафорати он дар Тошканд (Ӯзбекистон) барои кӯмаки молиявӣ ва дастгирии ташаббуси гурӯҳи фаъолони Бунёд изҳори сипос менамоем. Ва ҳамзамон миннатдориамонро ба дӯстон, ҳамкорон ва ҳампешагонамон дар ҷумҳурӣ, минтака ва ҷаҳон барои ҳамкорӣ ва ҳамдилиашон баён мекунем.

Муаллиф: Мунира Шаҳидӣ

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here