Мусиқӣ дар фарҳанги муосири ҷаҳон бо сабаби чаҳонишавии иртиботҳои фарҳангӣ ва афзоиш ёфтани нақши он дар фазои фарҳангӣ нақши муҳимро мебозад. Муколамаи маданиятҳо дар асоси эҳтироми анъанаҳои ҳамдигар оғоз ёфта, метавонад кафили  сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ  ва пайвандгари наслҳо бошад.

Фарҳанги мусқии ҳар як миллат бо хусусиятҳои худ беназир аст дар он анъанаҳои бисёрасра ва тафаккури миллӣ акс ёфтааст. Дар ҷаҳони муосир фарҳанги ягон миллат дар алоҳидагӣ вуҷуд дошта наметавонад. Бинобар ин, ҳангоми ташаккулёбии мусиқии классикии миллӣ, таъсири дигар маданиятҳо ихтисор намешавад. Мубодилаи дастовардҳои фарҳангӣ дар инкишофи  мусиқии миллатҳо саҳми азимро гузошта, боиси ҳамбастагӣ, ғанӣ гаштани осори фарҳангӣ шуда метавонад. Ҷой доштани чунин муносибот ҳангоми назар кардан ба таърихи фарҳанги миллатҳо бар аъло мушоҳида мешавад. Гуногунрангии мусиқӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки  олами мусиқӣ , плюрали (гуногунандешӣ), гетерогентӣ  буда ҳамзамон динамикӣ ва  пластикист.

Намояндагони маданият ва тамадунҳои гуногун таҷрибаи ҳамкорӣ бо якдигар,  ҳамзамон,  мукаммалӣ ва хусусиятҳои миллии худро доро буда бо дарназардошти  таасуроти  беруна қобилияти ҳифозат карданро доранд.

Бояд қайд намуд, ки инкишофи тасавуроти замона оиди фаъолияти муштараки фарҳанги мусиқӣ ва моделҳои тамадунҳо дар ҷамъияти ҳозира, мубрамияти хосаро ба миён оварда барои ҳалли масъалаҳои гуногун, инчунин дар сиёсати фарҳангӣ  татбиқ шуда метавонад. Барои  босамар истифода бурдани имкониятҳои пайдошуда дар пешрафт ва нигоҳ доштани фарҳанги мусиқи бояд аз ҷониби мутахассисони соҳа тадқиқотҳо бурда шуда, камбудиҳо ва монеаҳои пешрафти соҳа ёфта шаванд.

Натоиҷи чунин тадқиқотҳо дар фаъолияти эҷодии  композиторон муҳим буда барои ташаккули маҳорати иҷроии навозандагони инструменталӣ,  сарояндагон,  инчунин барои ҳалли мушкилиҳои соҳаи мусиқӣ дар раванди тайёр намудани  мусиқинавозони касбӣ: дирижер, консертмейстер, мусиқишинос аҳамияти калон дорад.

Дар замони Шӯравӣ  чорчубаҳои идеологи вуҷуд доштанд, композиторон ва эҷодкорон дар фаъолияти худ озод набуданд. Ақидае вуҷуд дошт, ки ҷамъияти шӯравӣ умумияти интернатсиалистиро дорад ва фарҳанги сотсиалистӣ бо қонунҳои аз олами буржуази фарқ дошта инкишоф меёбад.  Дар он замон ҳам эҷодкорони шарафманди миллат кӯшиш ба харҷ медоданд, ки фарҳанги миллӣ поянда нигоҳ дошта инкишоф ёбад. Барои мисол операи “Комде ва Мадан”-и композитор Зиёдулло Шаҳидӣ бо истифодаи мақомҳои миллӣ гузошташуда, пур аз ғояҳои башардӯстона ва муҳаббат аст. Ин опера, ки аз достони шоир Абдулқодир Бедил гирифта шудааст, диққати ҷамъиятро ба худ ҷалб карда ҳаводорони операи тоҷикро зиёд намуд. Композитор тавонист дар ин опера  фарҳанги мусиқии Ғарб ва Шарқро созгор намояд.   Бе асос нест, ки устод Зиёдулло Шаҳидӣ асосгузори операи тоқик шинохта мешавад.

Имрӯз шароит дар Тоҷикистон иваз шудааст. Эҷодкорон дар фаъолияти худ озод буда метавонанд аз технологияҳои муосир ва имкониятҳои замона истифода бурда санъати мусиқиро ба дараҷаи боло расонанд.

 

2 COMMENTS

  1. Хуб аст, Вале каме усули илми Такмил мехохад, ба назари ман .

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here